Санаи 21 январи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назорати доир гардид.

Дар ҷаласа муовини якум муовинони раиси ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо, бахшҳо ва шуъбаҳо ширкат варзиданд.

Зимни баргузории кори ҷаласа масъалаҳои иҷрои супоришҳое, ки дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Олии кишвар ба раисони шаҳру ноҳияҳо дода шуданд, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар деҳаҳои дурдасти ноҳия, муаррифии кадрҳое ки дар вазифаҳои гуногун интихоб карда шуданд, вусъати корҳои сохтмонӣ, омодаги ӣа маъракаҳои муҳими сиёсӣ, табиқи барномаҳои пешбинишуда ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷро намудани корҳои банақшагирифта аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.