Санаи 25 январи соли равон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷаласаи фаъолияти солонаи соҳаи маорифи ноҳияи Шуғнон баргузор гардид.

Дар он муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаро роҳбарияти ноҳия – оғоз бахшида, доир ба масъалаи ҷаласа ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маъориф мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кабир Ризо Охирназар маърӯза намуда тамоми самтҳои ин соҳара таҳлил намуданд.

Баъди ба охир расидани маъруза роҳбарияти ноҳия ҳар як директори муассисаи таълимии ноҳияқати гуфта гузашта, ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба муассисаҳои таълимии томактабӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таъминот бо компютер, тахтаҳои электронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, вазъи дастрасии муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, либосҳои мактабӣ, паси сар намудани фасли зимистон, пешгирии ҳолати ҷиноятсодиркунӣ дар байни ҷавонон масъулинро вазифагузорӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти ноҳия андешаҳои худро доир ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли маорифи ноҳия баён намуда, оид ба рисолат ва вазифаҳои минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи замон, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорӣ, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани толибилмон, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, зиёд намудани иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва афзун гардонидани дастовардҳо дар ин самт суханронӣ кард.

Все реакции:

243Вы, Sobirov Rahmatullo, Mukhtor Lalbekov и ещё 240