Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷӯён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад.

Тибқи нақшаи кории тасдиқшудаи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ ва мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон санаи 30 январи соли 2025 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод Дар маркази ҷамоати деҳоти Мизоҷон Ширинҷонви ноҳияи Шуғнон доир гардид.

Дар ярмарка масъулин беш аз 40 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод карданд.

Бояд гуфт, ки дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод шумораи зиёди сокинони ноҳия аз ҷумла корҷӯён ширкат варзида, бо ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод маълумот гирифтанд. Қисмати дигари корҷӯён, ки ихтисос надоштанд, ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод тибқи нақша дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон низ дар давоми сол баргузор хоҳанд гардид .