Санаи 30 январи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон яке аз идҳои аҷдодии халқи тоҷик ҷашни Садда бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд. Мардуми шарафманди ноҳияи Шуғнон аз ҷумла ҳунармандон ҳунарҳои қадима, таомҳои миллӣ ва кишоварзон маҳсулоти кишоварзии ба ин ҷашн тааллуқдоштаро ба намоиш гузошта пешкаши ҳамагон гардониданд. Дар ин ҷашни ниёгон муовини раиси ноҳия Мирзоашраф Пайрав Изаталӣ иштирок ва суханрони намуд. Муовини раис ҳамагонро аз номи раиси ноҳияи Шуғнон мӯҳтарам Шоисматуллозода Комил бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда бархе аз кормандони фаъолро бо сипосномаи раиси ноҳия қадрдони намуданд. Барномаи таёрнамудаи бахши фарҳанги ноҳия анҷом бахши ҳамин чорабини гардид.