Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” ва нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, санаи 12-уми феврали соли равон дар маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии раиси ноҳия доир гардид.
Сараввал, роҳбарияти ноҳия барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Дар давоми нишаст раиси ноҳия дар назди намояндагони васоити ахбори омма доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ба таври фишурда баромад намуд.
Дар охир аз тарафи рӯзноманигорон ва аҳли қалам ба раиси ноҳия саволҳо дода шуда, аз тарафи роҳбарият посухҳои мушаххас гирифтанд. Раиси ноҳия изҳор дошт, ки сокинони шарафманди ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагӣ саъю талош хоҳанд варзид.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































