Санаи 13 феврали соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ доир гардид. Маросими савгандёдкунӣ бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия оғоз гардида, ҳар як хизматчии давлатӣ, ки дар вазифаҳои нав таъйин гардиданд, аз тарафи роҳбарияти ноҳия насиҳатҳои муфид гирифтанд. Ба хизматчиёни давлатӣ фаҳмонда дода шуд, ки бояд тибқи талаботҳои Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисобанд. Дар охир ҳаряки онҳо ба минбар баромада дар ҳузури роҳбарияти ноҳия Савганд ёд карданд.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































