Афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Ҳамасола яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон мебошад, дар кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони ва ҳар яки Шумо ҳозирини арҷмандро самимона табрик мегўям. Рўзи Артиши миллӣ дар ҳоле таҷлил мегардад, ки кулли мардуми кишвар зери рўҳбаландӣ ва таассуротҳои бузурги Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани нуқтаҳои он ҷаҳду талош меварзанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои душвори фоҷиа бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлоли кишвар, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ, дастаҳои ҷинояткорӣ ва хомўш гардонидани ошўбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовори ҷавонмардона гузоштанд.
Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбубамон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти Ватани азизамон ва зиндагии осудаи сокинони он саҳми бузург доранд.
Дар ин лаҳзаҳои идона афсарону сарбозони далеру шуҷои мо аз ўҳдаи иҷрои ин рисолати басо пурмаъсулият бо сарбаландӣ баромада истодаанд. Танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олӣ масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён гузошта шуд ва Ҳукумати мамлакат хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Оли ин ниҳоди муҳими давлатиро дар як муддати кўтоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис дода буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон қайд намуданд, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат кунанд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Шахсан Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки ман ҳамчун Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дўст медорам ва ҳамеша кўшиш мекунам, то ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё намоям. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон, 6 адад дидбонгоҳи сарҳадӣ аз нав сохта шуда, бо тамоми шароитҳои муосир таъмин гардиданд. Имрўз шароити ҳаёт ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ хуб буда, аз онҳо танҳо диловариву шуҷоат дар роҳи дифои марзу буми кишвар талаб мегардад.
Барои таҳкими оромиву суботи ҷомеа, афзун сохтани қудрати мудофиавии мамлакат ва ҳимояи марзҳои давлатӣ, мувофиқи нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ноҳияи Шуғнон 55 нафар ҷавононро сафарбар намуда, ҳар яки онҳо хуб дарк менамоянд, ки ватандўстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ, аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат муҳим мебошад. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, қайд намуд Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои охир дар баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маъракаи даъват ба хизматро дар муҳлатҳои кўтоҳтарин, ҳатто пеш аз мўҳлат ҷамъбаст намуданд. Хизмат ба Ватан ин мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обу тоб ёфтани ҷавонон ва фидокориву ҷонисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ, фарзандони бонангу номуси Ватан мебошад.
Ҳар низомие, ки худро фарзанди Ватани азизамон Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддасти хешро фаромўш созад.
Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратии ноҳия анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рўҳияи баланди ватандўстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард. Чуноне, ки Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намудаанд, Артиши милли яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдори мо Тоҷикон мебошад.
Дар ин раванд, дар рўҳияи ватандўсиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ба савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дўстиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад..
Асосгзори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала дар яке аз суханрониҳояшон махсус хотирнишон кардаанд, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоки маводи мухаддир ва фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.
Тайи 32 соли фаъолият, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи истиқлолият ва марзу буми он равона гардидаанд. Ҳимояи марзу буми кишвар ба ўҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан гузошта шуда хушбахтона фарзандони бо нангу номуси Ватани маҳбубамон ин вазифаи муқаддаси худро бо сари баланд иҷро карда истодааанд. Имрўз Қувваҳои мусаллаҳи кишвари азизамон яке аз бузургтарин қувваҳои низомӣ ба ҳисоб рафта, дар муддати кутоҳ аз мактабӣ далериву мардонагии муосир гузаштаанд. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Ватан ба савгади ҳарбии худ ҳамеша содиқ мемонанд ва рисолати фарзандиашонро дар назди Модар- Ватан бо сарбаландӣ адо менамоянд. Ватандўстӣ ва садоқат ба миллат барои ҳар фарзанди мамлакат бояд шиори аслӣ бошад. Чунки танҳо фарзанди ватандуст метавонад, марзу буми кишварро ҳимоя намояд. Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Антон Карача ин ҳамаро бо чашми хирад дида, Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаҳониён Пешвои як миллат Пешвои асри 21 муаррифӣ намуд. “ Мо ҳамагон пайи суроғаи шахсе- Пешвои асри 21 ҳастем, бояд ба марде, ки дар замони низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва Ваҳдати ягонгиро барои давлатамон интихоб намуд, ба Марде ки дар замони таноззули бурҳон, пешрафту шукуфоии миллатро таъмин намуд, ба Марде, ки дар ҳамдустӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар ҷодаи ояндаи неки мамлакат, минтақа тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир менамуданд, изҳори миннатдори ва сари таъзим фуруд орем, ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз ин ру ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри ин заҳматҳои шабонарузии шахсияти бузурги таърихи Пешвои муаззами миллат миллат Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва фикри ҳимояву созандагии Ватани азизро дошта бошем.
Бигзор дар сарзамини соҳибистиклоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Бори дигар, ҳамаи Шуморо ба муносибати 32- юмин солгарди Рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба тамоми Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиҳативу саломати, хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдоди барори кор орзу менамоям.


















































































































































































































































































































































































































































































