Санаи 22 феврали соли равон Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аёдати сарбозон ба дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов ташриф оварда, ҳайати шахсӣ, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватанро табрику муборакбод намуданд.
Шоисматуллозода Комил дар суҳбат бо афсарон ва сарбозон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубош дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, ҷавобан ба ин ғамхориҳо нақши афсарону сарбозон дар ҳимояи марзу буми кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ басо назаррас мебошад.
Пас аз он раиси ноҳия бо шароити хизмати сарбозон дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шиносоӣ пайдо намуда, бо сарбозон дар сари дастархони идона суҳбати самимӣ доир намуд.
Дар идомаи аёдат барои хурсандии сарбозону афсарон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

















































































































































































































































































































































































































































































