Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил аз дидбонгоҳҳои сарҳадии “Синсилах”-и Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов дидан ба амал овард
Шоисматуллозода Комил дар суҳбат бо афсарон ва сарбозон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубош дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, ҷавобан ба ин ғамхориҳо нақши афсарону сарбозон дар ҳимояи марзу буми кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ басо назаррас мебошад.
Дар ин рӯзи пурфайз барои сарбозон дастархони идона ва барои хурсандии сарбозону афсарон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

















































































































































































































































































































































































































































































