Санаи 24 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назорати назди раиси ноҳия муҳтарам Шоисматуллозода Комил доир гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, мковини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, Мудирони шўъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, кумитаҳо, идораю муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон, Комисари ҳарбии ноҳияи Шуғнон, муффатиши Прокуратураи ноҳияи Шуғнон ширкат варзиданд.

Зимни баргузории кори ҷаласа масъалаҳои Оид ба мактуби иттилоотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2025, № 12/27-140 вобаста ба сабабу омилҳои ба худкушӣ даст задании шаҳрвандон алалхусус худкушии ноболиғон ва занон, оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафиқувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рафти иҷроиқарори раиси ноҳияи Шуғнон аз 31 майи соли 2021, № 259,қарори раиси ВМКБ 18 майи соли 2021, № 138 оиди амали гардиданиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2021, № 113 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», Рафти иҷроиқарори раиси ноҳияи Шуғнон аз 19 июли соли 2021, № 398,қарори раиси ВМКБ аз 06 июли соли 2021, № 206 оид ба иҷроиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021, № 212 «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор барои солҳои 2021-2025», Рафти иҷроиқарори раиси ноҳияи Шуғнон аз 03 июни соли 2023, № 358,қарори раиси ВМКБ аз 12 июни соли 2023, № 202 оид ба иҷроиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2023, № 50 «Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», Ахбороти мудири бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон оид ба ҷараёни иҷрои супориши протоколи машварати назоратии раиси ноҳияи Шуғнон аз 17 феврали соли 2025, № 7 ва масъалаҳои ҷорӣ масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷро намудани корҳои банақшагирифта аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.