Санаи 25 феврали соли 2025 бо роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил вохӯрии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ванқалъа дар деҳаи Оқмамад вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз тарафи роҳбарияти ноҳия Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат баррасӣ гардида, раиси ноҳия аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳое, ки ба амнияти миллӣ хатар эъҷод менамоянд саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, раиси ноҳия оид ба фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда дар давоми соли 2024 дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа ҳисобот дода, ҳамчунин оид ба амалишавии лоиҳаҳое, ки барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоати деҳоти Ванқалъа дар соли 2025 нигаронида шудаанд, ба иштирокдорони вохӯрӣ маълумоти муфасал манзур намуд.

Раиси ноҳия зикр кард, ки мақсад аз сафар ба ҷамоатҳои деҳот ин қабулу шунидани арзи шаҳрвандон дар маҳал мебошад. Зеро на ҳама имкони ба маркази ноҳия рафтану арзи худро расондан дорад. Дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ масъалаҳои зиёди рӯзгори мардум мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби раиси ноҳия ба саволҳои мардум посухи мушаххас пешниҳод гардида, роҳбарияти ноҳия зикр намуд, ки баробари баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳо дар мӯҳлати пешбининамудаи қонун, теъдоди муайяни онҳо бинобар маблағталаб будан ё мӯҳлати дарозро тақозо намудани иҷрои дархост, ба нақшаи чорабиниҳо, ки пас аз анҷоми вохӯрии имруза таҳия мегардад, ворид мегарданд, ки иҷрои он таҳти назорат гирифта мешавад.