Зимни сафари кории раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил ба Ҷамоати деҳоти Ванқалъа ва дархости сокинон, ба деҳаи Морҷ ташриф оварда вохӯри анҷом дод.

Тибқи дархости сокинон роҳбарияти ноҳия барои сохтмони бунгоҳҳои тибии замонавӣ замин ҷудо намуда, бо ташаббуси МИҲД-и ноҳияи Шуғнон ва саҳми сокинон ба сохтмони он аз ҳамин моҳ шурӯъ хоҳанд намуд.

Роҳбарияти ноҳия ҷиҳати босифат ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шуда, солҳои зиёд ба ба сокинони деҳаи номбурда хизмат намояд.

Все реакции:

220Вы, Sobirov Rahmatullo, Ризо Кабиров и ещё 217