Бо мақсади ҷалб намудани ҷавондухтарон ба тарғиби арзишҳои неки ниёгон, баланд бардоштани завқи зебопарастии онҳо, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, дарёфти чераҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва ёфтани истедодҳои нав аз ҳисоби ҷавондухтарон озмуни вилоятии “Кани духтарон” баргузор гардид. Дар озмун Абдулкаримова Рамзия иштирокчи аз ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон сазовори ҷойи якум гардид.



















































































































































































































































































































































































































































































