Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва мутобиқи Барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ба истиқболи ҷашнҳои дарпешистода, рӯзи Модар, иди байналмилалии Наврӯз ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ҳамзамон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурию ҷойҳои корӣ ва шоҳроҳи асосии ноҳия ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон гузаронида шуд.
Дар ин робита, дар ҳудуди ноҳия ва гирду атрофи тамоми бинову иншооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва ҷамоатҳои деҳоти он низ ҳар ҳафта шанбегиҳо бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ва ифтихори ватандориву хештаншиносӣ гузаронида мешаванд.
Санаи 01.03.2025 чунин ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия бо иштироки тамоми кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ба ору номуси Шуғнонзамин гузаронида шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона тамоми кормандони идораву муассисаҳои ноҳия, сокинон гирду атрофи тамоми деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин, идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шоҳроҳи байналмиллалиро тозаву озода намуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































