Субҳи рӯзи 02 марти соли 2025 аз соати 6:00 дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳияи Шуғнон интихоботи интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқ бо садо додани Суруди миллӣ баргузор гардида истодааст. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳия шаҳрвандоне, ки тибқи қонун ҳуқуқи иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ доранд, ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ раъй дода истодаанд.
Дар ҳавзаи интихоботии Кулев 29, ин чорабини бо иштироки Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил оғоз гардид.






















































































































































































































































































































































































































































































