Дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона баргузор гардид.
Меҳмонон қабл аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумии фаъолзанони ноҳияро дидан намуда, барои меҳнати ҳалоли онҳо баҳои баланд доданд.
Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.
Дар оғоз раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҳайати занону бонувон ва модаронро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфт.
Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занон ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки саҳми бонувон дар рушди самтҳои мухталиф хело назаррас аст.
Зимни чорабинӣ дар асоси қарори раиси ноҳияи Шуғнон бонувон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар охир аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти Зан-Модар барномаи фарҳангию хотирмонеро намоиш доданд.





Все реакции:
347Вы, Sobirov Rahmatullo, Нилуфар Асламшоева и ещё 344

















































































































































































































































































































































































































































































