Модарону хоҳарони азизу меҳрубон!!
Аз фурсати муносиб истифода бурда дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори шукуфо ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, тамоми занони ноҳияро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Дар Тоҷикистони азизи мо таҷлили Рӯзи модар ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар арзёбӣ мегардад. Агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад. Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Шумо – модарони азиз дар ҷомеаи мо мебошад. Воқеан, модарону хоҳарони гиромии мо тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз дур намешавад. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд. Тавре аён аст, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати баландбардории мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби занону духтарон ба мақомҳои роҳбарикунанда, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ ва амсоли инҳо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои шоиста роҳандозӣ гардида, баҳри дастгирии онҳо ҳамчун тарбиятгари насли воқеан давронсози миллат, нигаҳдорандаи расму оинҳои миллӣ, ҳидоятгари ҷомеа ба фардои ободу дурахшон ва сутуни хонадон аҳамияти беандоза зоҳир гардида истодааст. Ин иқдомҳои наҷиб ва шоиста бори дигар кулли бонувон, модарони азизро дар самти иҷрои рисолати пуршарафи тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими сулҳу суботи комили ҷомеа, пойдории оилаҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи мамлакат рӯҳбаланд мегардонад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо- тоҷикон иззату эҳтироми зан- модар ҳамеша ҷойгохи хос дорад.Вале бояд қайд намуд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши эъмори онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Боварии комил дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд…” Дар шароити Тоҷикистони муосир бо талошҳои бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони тоҷик ҷойгоҳ ва мавқеи шоистаю сазовори худро соҳиб гардида, бо меҳнати созанда баҳри пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд. Занону модарони ғамхору боиффат ва хоҳарони мушфиқи тоҷик дар баробари саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамзамон, тарбиятгари ояндасозони миллат ва чароғи зиндагии ҳар як оилаи тоҷик арзёбӣ мегарданд. Маҳз ғамхорӣ ва муҳаббати Шумо – модарони мушфиқи тоҷик аст, ки насли ояндасози кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар камари ҳимат бастаанд. Талошҳои шабонарӯзии модарон ва бонувони тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, борҳо ба кори онҳо баҳои баланд додааст, ки ин боиси ифтихор мебошад. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар яке аз вохӯрҳо бо бонувон изҳор намуданд: “Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар канори иқдомоти шоистаи сарвари давлат баҳри дастгирии занону духтарон ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба онҳо кӯшишҳои назаррасро роҳандозӣ намуда, бо ин мақсад як қатор чораҳои мушаххасро ба иҷро расонида истодааст. Боиси қайд аст, ки дар ноҳия занон дар мақомҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар симати муовини раиси ноҳия мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият дошта, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ занон аксарияти кулли кормандонро ташкил медиҳанд.
Дар фарҷом, бо эҳтиром ва самимият фарорасии фасли зебои сол – баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубон табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно менамоям.
Бо мақсади боз ҳам боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, рушди оила, сиҳатии модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занон ба корҳои роҳбарикунанда як қатор барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, амалӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ғамхориҳои муҳтарам Пешвои миллат дар баробари ҳазорҳо бонувони фаъоли мамлакат бонувону духтарони ноҳия дар идораву муассисаҳои ноҳия кору фаъолият намуда, баҳри шукуфоии Ватан саҳми худро мегузоранд.
Дар фарҳанги миллати мо оила арзиши гаронбаҳо, омили асосии солимии ҷомеа ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор рафта, нақши модар ҷиҳати инкишоф ва камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик тарбиятгари фарзандони хирадманд, ватандӯсту созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ идома мебахшад.
Модари тоҷик баробари тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ободии кишвар нақши муҳим дорад. Ҷашни модарон дар рӯзҳои омодагӣ ба Наврӯзи хуҷастапай таҷлил гардида, модарону бонувони мо аз қадим дар остонаи ид хонаву дар, сару либос, асбобу ашёи рӯзгори худро тозаву озода карда, Наврӯзи оламафрӯзро бо меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза истиқбол мегиранд. Итминони комил дорам, ки модарону хоҳарони мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат, иҷрои нақшаҳои Ҳукумати мамлакат, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва ободии Ватан саҳми муносиб мегузоранд.
Туи модар, бе аз дунё бароям,
Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям.
Худоям қудрате гар ҳадя созад,
Бароят достоне месароям.
Бо чунин умеду орзуҳои нек Шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ- Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, тандурустиву саодатмандӣ, сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори осуда таманно дорем.
Идатон муборак, модарон ва бонувони азиз!

















































































































































































































































































































































































































































































