Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати собиқадорон Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил як зумра бонувони фаъоли собиқадорро аёдат намуданд.
Роҳбарияти ноҳия модарони собиқадорро бо фарорасии “Рӯзи Модар” табрик намуда, қайд дошт, ки танҳо модар аст, ки барои фарзанд ва осудагии оила ба ҳама гуна дарду ғам, душворӣ ва сахтиҳои рӯзгор таҳаммул карда дар иваз чизеро интизор намешавад. Аз ин лиҳоз бузургии модар ба ҳеҷ чиз баробар карда намешавад.
Дар навбати худ модарон шукронаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва зиндагии орому осоишта намуда, барои ғамхориҳои рӯзафзун изҳори самимии миннатдорӣ баён карданд.






















































































































































































































































































































































































































































































