Муҳтарам аҳли қалам, собиқадорони матбуот!
Ҳамасола 11-уми март дар кишвари азизи мо Рӯзи матбуот ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ, қалами созанда ва муваффақиятҳои рӯзафзуни касбию ҳаётиро орзу менамоям.
Таърихи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф”, 11 марти соли 1912, оғоз гардид. Имсол аз чопи шумораи нахустини он 113 сол сипарӣ гардид, ки аз таърихи пур аз шебу фарози соҳа дарак медиҳад.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд.
“Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳимму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад” қайд кардаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар айни замон нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, он чун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич ба роҳ монда, дар ҳалли масоили гуногуни иҷтимоӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад.
Айни ҳол бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот дар фазои иттилоотии ноҳияи Шуғнон рӯзномаи ” Маърифати Шуғнон” фаъолият дорад, ки бо боварии комил метавон гуфт, ки журналистони ноҳия дар инъикоси дастоварду бунёдкориҳо беш аз пеш саҳм гузошта, ба давлату миллат содиқона хизмат менамоянд.
Бори дигар, аҳли қалам – кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ноҳияро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик гуфта, ба онҳо саломативу хотири ҷамъ ва рӯзгори ободу осуда таманно мекунам.
Ид муборак, аҳли қалам!


















































































































































































































































































































































































































































































