Имрӯз, 13 март, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Шоисматуллозода Комил – раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Шуғнон, баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳияви, вакилон, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар кори иҷлосия муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Афзалшоева Муслима иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Ахбороти раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон:
2. Интихоби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон;
3. Дар бораи ташкил намудани комиссиияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон;
4. Дар бораи интихоби ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон;
5.Тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон
6. Тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон;
7. Ҳисоботи раиси ноҳияи Шуғнон “Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тарақиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти коммуналии ноҳияи Шуғнон дар соли 2024” ;
8. Рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон аз 22 феврали соли 2023, №100 дар бораи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2020-2025” бо дарназардошти тағйиру иловаҳо;
9. Тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияи бисту дуюми даъвати шашум ва иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон даъвати ҳафтум қабул гардидаанд.
10. Пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлисии милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нахуст раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шоисматуллозода Комил иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати ҳафтум» раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон Меҳмонов Навбаҳор шунида шуд.
Сипас вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баъди тасдиқи ваколатҳояшон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд намуда, соҳиби шаҳодатномаи вакили гардиданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шоисматуллозода Комил вакилонро ба муносибати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон интихоб гардиданашон самимона табрик намуда, дар кор ва фаъолияти пурмасъули вакилиашон, ки баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳо таманно намуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст ки ҳамаи масъалаҳои дар боло зикргардида баррасӣ гардида қарорҳо якдилона қабул гардиданд.
Дар охир муовини раиси ВМКБ суханрони намуда вакилони ноҳиявиро дар ин маъсулиятҳои навбатиашон барору комёби орзу намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.






















































































































































































































































































































































































































































































