Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни байналмиллалии Наврӯз, ҳамзамон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон гузаронида шуда истодаанд.
Дар ин робита, санаи 14.03.2025 чунин ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия Шоисматуллозода Комил бо иштироки сокинони деҳаҳо ва кормандони идораву муассисаҳо дар Наврузгоҳи ноҳияи Шуғнон гузаронида шуд.
Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона дохили Наврузгоҳ гирду атроф тозаву озода, ва барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин ҷашни байналмиллалӣ масъулин аз тарафи роҳбарияти ноҳия супоришҳои мушаххас гирифтанд.





Все реакции:
229Вы, Sobirov Rahmatullo, Нилуфар Асламшоева и ещё 226

















































































































































































































































































































































































































































































