Ҳамдиёрони азизу гиромӣ !

Аз фурсати муносиб истифода бурда Шуморо бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, умри бардавом, иқболи накӯ, рӯзгори осуда, саодатмандиву муваффақият ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки дар роҳи ободиву осоиши миллати сарбаланду созандаи тоҷик ва рушду нумӯи ноҳияи азизамон доред, комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ҷашни байналмилалии Навруз- Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумлаи ноҳияи Шуғнонро боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине, чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анаънаҳои ниёгонамон мебошад.Тавре, ки аз номи он бармеояд.”Наврӯз” рӯзи Нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли Нав барпо мешавад. Нарӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, баробаршавии рӯзу шаб дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқон дар ин моҳ ба кишту кор оғоз мекунад. Аз таърихи ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёде зикр гардидаанд, ки донишмадони тоҷику форс дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳо ба табъ расонидаанд. Дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул- боқия”-и Берунӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки Шоҳ Ҷамшедро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Дар давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед адлу инсоф ва пайдоиши ҷашнҳои суннатӣ боқӣ монда будаанд. Ин ҷашни бузург бошарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт ва имрӯз дар манотиқҳои дигари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтона, моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳристи иди меросии фарҳанги башарият дар ЮНЕСКО шомил шуда, моҳи феврали соли 2010 дар ичлосияи 64- уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март “Рузи Наврӯзи байналмилалӣ” эълон гардид. Аз ҳамон рӯз сар карда, дар саросари кишвар ин ҷашни ниёгонро бо як дилгармӣ истиқбол мегиранд, ки ин боиси ифтихор аст. Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Ҷашни Наврӯзро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо шодию сурур ва бо покию сафову озодагӣ ва фаровонии нозу неъмат истиқбол менамояд, Соли нав барояшон соли хушиву саодат ва пурфайзу баракат хоҳад шуд.

Баъди ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои миллӣ талош намуд.Дар қатори ҷашнхои милливу таърихӣ таҷлили чашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо намуд. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаҳои ниёгонамон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.

Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо–тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Таҷлили Наврӯз аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз таббиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат аз нав эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад. Фалсафаи Наврӯз ин меҳру муҳаббат, сулҳу оромӣ, шодиву нишот буда, ҳамчун омили асосии муттаҳидкунанда ба шумор меравад.Зеро ин ҷашни бостонӣ ба қалби хурду бузург суруру шодӣ меорад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ менамояд, ва мардумро ба дустиву муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки “Наврӯз падидаест,ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи ҷаҳон тақдим шудааст”.

Ҳамдиёрони азиз!

Бори дигар ҷашни фархундаи Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи ноҳия ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат, хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таманно дорам.

Ҳар рӯзатон Навруз бод,

Наврузатон фируз бод.

Ҷашни Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!

Возможно, это изображение 1 человек