Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба диққати ҳамаи сокинони ноҳия мерасонад, ки санаи 25-уми март дар Наврӯзгоҳи деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон Наврӯзи хуҷастапай баргузор мегардад. Ба диққати тамоми варзишгарон расонида мешавад бозиҳо наврузӣ аз намуди Гуштингирӣ, Волейбол, Гурзбардорӣ, Арғамчинкашӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон аз тарафи аҳли ҳунари фарҳанг,ҳунармандони маъруф барномаҳои рангини фарҳангӣ пешниҳод мегардад.

















































































































































































































































































































































































































































































