Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Имомалӣ, Раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил ва дигар меҳмонон баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатӣ, хони ҳафт сину ҳафтшин, таомҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишии ноҳия дидан намуданд.
Сипас, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ мардуми Шуғнонзаминро бо фарорасии Наврӯзи оламафруз табрик намуда, зикр дошт, ки бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз Тоҷикистони азизи мо ин рӯзҳо ба макони шодию сурур табдил ёфт, хурду бузург бо шукуҳу шаҳомати хосса ин ҷашни аҷдодиро, ки аз ниёгони тамаддунофари мо мерос мондааст, бо навгониҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ таҷлил менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат имконият фароҳам омад то тамаддуну фарҳанги бостонии ғановатманд, расму ойин ва арзишҳои волои миллиямон эҳё ва барои ҷаҳониён, бо диди нав, муаррифӣ гарданд.
Зимни суханронӣ, раиси вилоят аз дастовардҳои аз Наврӯз то Наврӯзи ноҳияи Шуғнон ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ноҳияи Шуғнон низ имрӯзҳо дар ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ сохтмон, ҷаҳиши бузурге дорад .
Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқлодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Имомалӣ ба намояндаги аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони сарбаланди Шуғнонро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун василаи дӯстиву ҳамдилӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон таъкид намуд.
Зикр шуд, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таърихӣ арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳияҳо ва ҳунармандони мардумӣ баргузор гардида, ба ҷашн ранги идона бахшид.

















































































































































































































































































































































































































































































