Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба кишвари сабз табдил додани кишвари азизамон имруз бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худоберди ва раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.

Дар ин маърака тамоми роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия, кормандон ва сокинон иштирок намуда аз даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон қад-қади роҳи Шуғнон-Душанбе зиёда аз 250 бех дарахти сояафкан шинонда шуданд.