Ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади сазовор тозаву озода нигоҳ доштани диёри нозанин ҷиҳати дастгирии иқдоми неки роҳбарияти ноҳия ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд.
Дар баробари кормандони идораву муассисаҳои ноҳияи Шуғнон сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Дар ин ҳашар хатҳои об, шафати роҳ тоза карда шуда, дар ду тарафи роҳи аҳамияти байналмилалӣ беш аз 250 бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд. Инчунин, роҳравҳоро тоза намуданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми ноҳия чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри ободии диёр идома доранд.






















































































































































































































































































































































































































































































