Имруз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худоберди, раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил кормандони идораву муассисаҳои вилояту ноҳия ва сокинон дар боғи деҳаи Манеми Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд.

Дар рафти ниҳолшинонӣ дар боғи мазкур зиёда аз 500 бех дарахтони мевадиҳанда шинонда шуданд.