7 апрели соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба намояндагӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Одинекзода Хушқадам Сабзалӣ иштирок намуданд.
Пас аз муайян гардидани регламенти корӣ аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия Бекназаров Илҳом ҳисобот дод.
Сипас сардорони сохторҳои молия, андоз, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони масъули ноҳия, ба музокира баромада, оид ба фаъолияти соҳа ва дар самти камбудиҳо суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни баргузории маҷлис аз ҳамаи раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони идораву ташкилотҳое, ки дар фаъолияташон камбудӣ ба назар мерасад барои бартараф намудани норасоиҳо вазифагкзори гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Одинекзода Хушқадам Сабзалӣ баромад намуда, барои сазовор таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд супоришҳо доданд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































