Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шуғнон прокурори ноҳия Булбулшоҳзода Афранг, Намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, сардори нозироти андоз, муовини раиси ноҳия Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ, роҳбарони идораву муассисаҳо ширкат варзиданд.
Дар рафти Шӯро ҳолати риоя ва иҷрои “Стратегяи муқовимат бо тероризм ва экстрамизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2021 -2025 ” дар мақомоти салоҳиятдор ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Аз тарафи Раиси Шӯро прокурори ноҳия Булбулшоҳзода А.Д назди масъулини соҳаҳои мухталиф вазифаҳои мушаххаси уҳдадоркунанда гузошта шуда, талаб намуд, ки масъулин ҷиҳати иҷрои қонунҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тамоми чораҳоро андешанд.
Сипас, аз ҷониби муфаттиши прокуратураи ноҳияи Шуғнон Ҳотамзод Ҷасур Расул оиди ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои “Стратегяи муқовимат бо тероризм ва экстрамизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2021 -2025 ” маърӯза карда, баҳри пешгирию бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, диққати масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ва дигар масъулинро барои пешгирии ҳолатҳои дар боло зикршуда ва содиршавии чунин қонунвайронкуниҳо ҷалб намуда таклифҳои зеринро пешниҳод намуд:
Риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои дар боло зикргардида таъмин карда шавад.
2. Мақомотҳои салоҳиятдоре, ки тибқи қонунгузорӣ, махсус муваззаф гаштаанд фаъолиятро ҷоннок намуда, баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани қонунвайронкуниҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд.
3. Баҳри огоҳ шудани сокинони ноҳия аз қабул гардидани қонунҳо корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷоннок карда шавад.
4. Масъулини ин самтҳои назоратиро зарур аст, ки ба муросокорӣ хотима бахшида, вазифаҳои хизматии худро дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи қонун иҷро намоянд.
Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия -прокурори ноҳияи Шуғнон Булбулшоҳзода А.Д дар баромади худ қайд намуданд, ки прокуратураи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, дастур ва супоришу фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ВМКБ ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали аввали соли 2025 ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои “Стратегяи муқовимат бо тероризм ва экстрамизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2021 -2025 ” беҳтар гардида истодааст.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯро-прокурори ноҳия Булбулшоҳзода А.Д ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт, таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шуғнон ба кори худ анҷом бахшид.






















































































































































































































































































































































































































































































