Санаи 9-апрели соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давалатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ доир гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон Шохурамзода Руслан, Нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми раиси ноҳия оғоз намуда, Мубориза бо коррупсияро кори якҷояи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд.
Таъкид гардид, ки мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.
Дар хусуси Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист Нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод суханрони намуда қайд доштанд, ки тибқи фарзияи мутафакирон коррупсия ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидой пайдо гардидааст ва аз замоне, ки хочагии чамоави кабилавӣ ба марҳилаи иктисоди бозоргонӣ кадам гузошт, коррупсия низ хамчун падидаи ичтимой иқтисодӣ дар ҷомеа мавкеи ибтидоиро ба худ касб кард.
Қайд гардид, ки коррупсия ҳамчун вабои аср зухуроти номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъияти вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Бинобар ин коррупсия дар навбати худ ҳамчун сарчашмаи содиршавии дигар чиноятҳо хусусан ҷиноятҳои фаромилли аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое маҳсуб меёбад, ки боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад.






















































































































































































































































































































































































































































































