Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия корҳои агротехникӣ идома ёфта истодаанд.
Чунин корҳои созандаги бо ташаббуси раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар заминҳои ҳудуди ноҳия ки ин асоси зиёд шудани майдони кишту истеҳсоли маҳсулот мебошад ташкил шуда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти ноҳия хоҷагидоронро баҳри рияои қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас доданд.






















































































































































































































































































































































































































































































