Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ, дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар масоҳати 2 гектар боғи намунавӣ бунёд гардид.
Дар баробари дигар дарахтони мевадиҳанда дар боғи мазкур 70 бех чормағзи ҳамелӣ шинонда шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни бунёди боғи чормағзи ҳамелӣ дар мавзеи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон иштирок намуда, ба масъулин ҷиҳати сабзондан ва нигоҳубинии дарахтони боғи мевадиҳанда, аз он ҷумла чормағи амелӣ дастурҳои муфид доданд.
Таъкид шуд, ки маҳз бо дастури Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ин мавзеъ, дар баробари бунёди боғи чормағи амелӣ ва дигар дарахтони мевадиҳанда, кишти пиёзи сурх ва лаблабуи қанд низ ба роҳ монда шуда, дар ояндаи наздик он ба як мавзеъҳои тамошобоб табдил дода хоҳад шуд.
Чунин иқдоми наҷиб дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда шуда, раванди сабзкорию хуррамгардонӣ вусъати тоза пайдо намуда истодааст.






















































































































































































































































































































































































































































































