Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод аз тарафи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон доир мегарданд.
Санаи 24-юми апрели соли равон тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар маркази ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон доир гардид.
Зиёда аз 30 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод аз ҷониби шӯъба ба корҷӯён пешниҳод карда шуданд.
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод сокинони ноҳия аз ҷумла корҷӯён ширкат варзида, маълумоти заруриро вобаста ба ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гирифтанд. Бархе аз иштироккунандагон худро ба курсҳои кӯтоҳмуддати забономузӣ ва дӯзандагӣ номнавис карданд. Бо мақсади гирифтани маълумоти бештар оид ба ҷойҳои кори холӣи ва вазифаҳои озод, касбомӯзиву забономӯзӣ, ба корҷӯён ва иштироккунандагон аз тарафи масъулин варақаҳо ва китобчаҳо тақсим карда шуд.
Ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод тибқи нақшаи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон дар давоми сол баргузор хоҳанд гардид.






















































































































































































































































































































































































































































































