Звездный соавтор
 2 дн. 

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сарсабзгардониву покизагӣ ва сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои кабудзоркуниву созандагӣ вусъат ёфта, сокинони ин минтақа бо истифода аз ҳашарҳои дастаҷамъона ҳамарӯза кабудизоркуниро равнақ бахшида истодаанд.

Ноҳияи Шуғнон яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят ба ҳисоб рафта бо истифода аз шароити мусоиди боду ҳаво бо баргузории ҳашари дастаҷамъона дар деҳаи Шитами Ҷамоати деҳоти Вер маъраки ниҳолшинонӣ дар масоаҳти 12 гектар бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид. Дар боғи навбунёд зиёда аз 15 ҳазор дарахтҳои мевадиҳанда шинонда шуданд.

Зимни суҳбат раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сокинони ноҳияи Шуғнон бахусус ҷамоати деҳоти Вер иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари пешравиҳо дар дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ барои соҳаи боғдорӣ низ имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Шуғнон дар тамоми самтҳо рушд намуда истодааст. Иброз гардид, ки имсол дар қаламрави вилоят боғҳои мевадиҳанда зиёд гардида, ин иқдоми нек минбаъд низ роҳандозӣ мегардад.