Субҳи 26 -уми апрели соли равон дар ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон Генерал майор Саидзода Бобоҷон Абдулқодир Сардори мудофиаи ҳудудии ноҳия, раиси ноҳияи Шуғнон мӯҳтарам Шоисматуллозода Комил санҷиши омодабошии таълимӣ-методӣ бо қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.
Сокинон бо қабули ишораи бонги хатар, бо техникаҳои хоҷагии халқ ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ, ки он тибқи матлаби машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, наврузгоҳи ин минтақа муайян шуда буд, дар вақту соати муқарраргардида ҳозир шуданд.
Теъдоди иштирокчиёни қувваҳои эҳтиётӣ, ки зиёда аз 2000 нафарро ташкил медод, ба гурӯҳҳо тақсим шуда, омодагии хешро барои сафарбар гардидан, ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳо, баён доштанд.
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии ноҳияи Шуғнон ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия, зимни суханронӣ ва ҳангоми вохӯрӣ бо аҳолӣ, доир ба ҳадаф ва зарурияти машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, изҳори андеша карданд. Аз онҳо тайёрии доимӣ ва ҳамаҷонибаро дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ тақозо намуданд.
Раиси ноҳияи Шуғнон қайд карданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳия дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ҳифзи Ватан, пойдории сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардум саҳми арзанда мегузоранд ва миннатдории сокинони ноҳияро ба роҳбарияти олии мамлакат иброз намуданд.
Дар охир бархе аз афсарон ва сарбозони фаъоли дар эҳтиёт қарор дошта бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































