Ҷиҳати иҷроиши моддаи 253-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вайрон кардани қоида ва меёрҳои истифодаи қувваи барқ, пардохти ҳатмӣ ва саривақтии маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳамзамон худдорӣ аз истифодаи ғайриқонунии он ва тибқи супориши протоколии ҷаласаи назоратии назди раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худоберди барои дастрас намудани варақаи иттилоотӣ ва гузаронидани суҳбат оиди масъалаи мазгур гуруҳи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таъсис дода шуда, аз таърихи 29.04.2025 фаъолияти худро бо усули хона ба хона оғоз намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ин гурӯҳи кори дар ноҳияи Шуғнон бо нақшаи тасдиқгардидаи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил фаъолият карда дар ҷамоатҳои деҳоти Сучон ва Поршинев алакай корҳои фаҳмондадиҳи ба роҳ монда шудаанд.
Гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия бо ҷалби нозирони минтақавӣ, раисони ҷамоатҳо, кормандони комплекси энергетикии минтақа ва дигар шахсони масъул фаъолият карда истодааст.





















































































































































































































































































































































































































































































