Ҳамасола дар тамоми гушаву канори Ватанамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди Ватандӯсту хештаншинос аз хурд то калон дар ин кори хайру савоб ва поккориву сабзу хуррам гардонидани диёрамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Инак бо ин мақсад дар такя ба идояту раҳнамоиҳои Роҳбари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабуси раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар ноҳия рӯзҳои шанбегӣ, ҷиҳати тозаю зебо гардонидани гирду атрофи иншооту биноҳои маъмурӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ анҷом дод мешаванд.

Маврид ба ёдоварист, ки чунин ҳашари умуминоҳиявӣ дар таърихи 3.05.2025 бо ташабуси роҳбарияти ноҳия бо иштироки тамоми кормандони идораву муассисаҳои ноҳияи Шуғнон ва сокинони шарафманди он гузаронида шуд.

.

Охват публикации: 1 920