Дар доираи иқдомҳои неку хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 майи соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил аёдати оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба роҳ монда шуд.

Зимни аёдат роҳбарияти ноҳия бо онҳо сӯҳбати гарму самимӣ ороста зикр карданд, ки ҳеҷ гоҳ хизмату ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯш намешавад ва онҳо пайваста зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.