Баҳри иҷрои саривақтии супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохӯриии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо усули хона ба хона идома дорад.