Санаи 16 майи соли равон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шуғнон Тайғунзода Гулнора дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон озмуни ҷумҳуриявии ” Фуруғи субҳи донои китоб аст” ки дар он зиёда аз 220 нафар иштирок варзиданд, оғоз гардид.
Муовини раиси ноҳияи Шуғнон нахуст баромад намуда аҳли толорро аз номи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил барои иштироки фаъолона хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки бо сарпарастӣ ва ташаббусҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, густариши маърифати китобдӯстию китобхонӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон дар самти илмомӯзӣ ва фарҳангу адаб равона гардидааст.
Ба ҳайати ҳакамон барои дар сатҳи баланд ва беғараз муайян намудани беҳтаринҳо таъкид карда шуда, ба иштирокчиён муваффақият таманно карда шуд.
Ҷавонону наврасони ноҳияи Шуғнон, омӯзгорону хонандагон бо шавқу рағбати зиёд дар озмун ширкат варзиданд.






















































































































































































































































































































































































































































































