Субҳи рӯзи 18 майи соли равон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовини якум, муовинон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони сохторҳои қудратӣ ва дигар идораву муассисаҳо Дави миллӣ, ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, кӯдакон, наврасон, ҷавонон, занон ва калонсолон фаъолона ширкат варзиданд.

Муовини раиси ноҳия Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ аз номи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил иштирокдоронро хайр мақдам намуда, қайд дошт, ки ҳамасола моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолии кишвар Рӯзи «Дави миллӣ» баргузор мегардад. Ин чорабинии оммавӣ дар саросари мамлакат ба истиқболи Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди нақшу аҳамияти варзиш дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки “Варзиш аз як тараф маънои нерумандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ бошад, аз тарафи дигар шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватан, омили таҳкими сулҳу дӯстӣ мебошад”.

Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз МТМУ рақами 11 оғоз ёфта, то бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷамъбаст гардид.

Дар фарҷом ғолибон бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдони гардиданд.