Ҷавонони арҷманд!

Бародарону хоҳарони азиз!

Бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон комёбиву сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон, ки кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст, сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям. Мехоҳам ҳамаи ҷавононро, ки неруи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамон мебошанд, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям.

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст». Маҳз аз файзи амалкарди ин сиёсати дурбинона имрӯз дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фардосоз бо равшанӣ эҳсос мегардад.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони ноҳия ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд..

Ҳоло метавон дилпурона изҳор намуд, ки ҷавонони ноҳияи Шуғнон низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Инчунин бовар дорам, ки ҷавонони ноҳия шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷавонони далеру ғаюри ноҳияи Шуғнон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба шумо осмони соф, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаатон ба хотири рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

Возможно, это изображение 1 человек