Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷиҳати муташаккилона гузаронидани шанбегиҳо дар назди бинои муассисаҳо роҳои ҳудуди ноҳия ва дигар мавзеъҳои ноҳия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Бо мақсади сазовор таҷлил намудан аз ҷашни Ваҳдати миллӣ, субҳи имрӯз, 24 майи соли 2025 ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси раиси ноҳия муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо иштироки тамоми кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ба ору номуси Шуғнонзамин гузаронида шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона тамоми кормандони идораву муассисаҳои ноҳия, сокинон гирду атрофи тамоми деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин, идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шоҳроҳи байналмиллалиро тозаву озода намуданд.





















































































































































































































































































































































































































































































