Қобили зикр аст, ки 7 май Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.


















































































































































































































































































































































































































































































