Санаи 30 майи соли 2025 дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Шохурамзода Руслан Маҳрамбек чорабинии фарҳанги бахшида ба “Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон” баргузор гардид. Дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ноҳия муовини аввали раиси ноҳия аз намоиши корҳои эҷодии хонандагони ноҳия, ки ба марази тамошобинон гузошта шудаанд, дидан намуда, сипас вориди толор гардида, кудаконро аз номи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба муносибати “Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон” табрик намуданд.
Дар давоми чорабинӣ кудаконе, ки дар озмунҳо иштирок намуданд ва сазовори ҷойҳои намоен гаштаанд бо ифтихорнома қадрдони гардианд. Барномаи фарҳанги ва бозиҳои шавқовар анҷоммабахши ин чорабини гардид.






















































































































































































































































































































































































































































































