Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таҳти раёсати раиси ноҳия, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҷлосияи дуюм Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз се масъалаҳои зеринро
1. Рафти ичрои Карори Раиси нохияи Шугнон аз 18- июли соли 2022 N414, Карори Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз 30 июни соли 2022, N215, Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 27 Майи соли 2020, N293 дар бораи “Барномаи саноаткунонии босуръати Чумхурии Точикистон баром созхои 2020-2025”;
Рафти ичрои Карори Мачлиси вакилони халки нохияи Шугнон аз 14 июни соли 2024,N144, Карори Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз 31 Майи соли 2022, N185, Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 июни соли 2022, N305 “Дар бораи чаше гирифтани 35- солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон;
Тасдик намудани карорхои Раиси нохия, Ки дар байни ичлоисия якум ва дуюми Мачлиси вакилони халк нохия даъвати хафтум баррасӣ намуданд.
Сипас, роҳбарияти ноҳия баромад намуда, вобаста ба саривақт амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳар як хона кӯча, маҳала ва деҳа, тарѓибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, омодагии ҳамаҷониба бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, ва дигар масъалаҳои рӯзмара ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи дуюми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.






















































































































































































































































































































































































































































































