Вожаи « Ваҳдат» барои ҳамагон дилчаспу фаҳмо буда, маънояш муттаҳидкунанда, якдилӣ ва дӯстию бародарӣ мебошад.

Дар замони ҷанги бародаркушӣ мардум танҳо аз ваҳдату ягонагӣ сухан мегуфту он рӯзро интизорӣ мекашиданд. Хушбахтона дар Ичлосияи таърихии XV1 – уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва ба ҷанги таҳмилӣ хоти-ма дода шуд.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ шабу рӯз гурезагонро ба ватан боз хонда, аз чум-ла мегуфт: «Мо якдигарро мебахшем! Mo мамлакатро соҳибӣ мекунем! Ватанамонро обод мекунем! Бахшидани гуноҳи якдигар бисёр душвор аст. Фақат ҷавонмард мета-вонад гуноҳи якдигарро бахшад». Аммо ин гуна суханони самимӣ ба душманони мил-лат писанд наомад. Онҳо бо ҳар роҳу воси-та миёни мардум ивғо андохта, вазъиятро дар мамлакат боз ҳам печидатар менаму-данд.

Бо супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барномаи таъсирбахши « Хоки ватан» таҳия гардид, ки он гурезаго-ни тоҷикро ба ватан баргаштан раҳнамун месохт. « То охирин гуреза ба ватан бар-нагардад, худро ором эҳсос намекунам!», мегуфт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон гурезагонро ба ватан даъват карда, аз ҷумла иброз дошт: « Бародарону хоҳарони дур аз ватан, ба ва-тан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо як бурда ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки до-рем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешо-вандону наздиконатон интизор аст».

Мардуми ташнаи сулҳ мехостанд, ки ҳар чи зудтар ба ватан баргашта, дар пешрафти он саҳм гузоранд. Пешвои мил-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонашро дар хатар гузошта, ба Афғонистони ҷангзада сафар кард ва бо гурезагони тоҷик бобати ба ватан баргаштан вохӯриву сӯҳбатҳо намуданд.

Сипас мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мухолифини точик дар Афғонистони ҳамсоя моҳи декабри соли 1996 дар Хосдеҳ баргузор гар-дид. Дар ин мулоқот Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, Қаҳрамони машҳур Аҳмадшои Масъуд, намояндагони СММ ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки то рӯзи ба имзо раси-дани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва иттифоқ афтод, дар 8 даври музокирот, ки қариб 4 сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайри-расмӣ баргузор гардиданд.

Баъдан бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Комиссияи оштии миллӣ то ба кор шурӯъ намудани Парлумони нав, яъне то соли 2000 – ум фаъолият дошт. Баъди интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон комиссияи оштии миллӣ рисо-латашро ба анҷом расонд.

Мардуми азияткашидаи кишвар баъди ба даст овардани сулҳу ваҳдат ба бунёдкори-ву созандагӣ машғул шуд. Аз моҳи июни соли 1997 инҷониб шаҳрвандони кишвар ваҳдатро, ин рӯзи фархундаро бо шукргу-зорӣ аз сулҳу оромӣ ҷашн мегиранд. Чунки ваҳдату ягонагӣ моро ба куллаи баланди рушд хоҳад расонд.

Имрӯзҳо дар ҳар гӯшаю канори дунё но-оромиҳо, ҷангу хунрезиҳо дар авч аст. Ин ҳамаи моро водор месозад, ки ваҳдатро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва нагузорем, ки нохалафе оромии ҷомеаро халалдору ноором созад.

Сармуҳаррири рӯзномаи “Маърифати Шуғнон” Алиназаров Саидназар

Возможно, это изображение 1 человек