Ноҳияи Шуғнон маҳз дар замони истиқлол ба як шаҳраки зебо ва ҳатто ба шаҳри замонавӣ табдил дода шуд, зеро қариб тамоми ободиҳо дар ҳудуди он дар муддати 18-20 соли охир ба вуҷуд омаданд. Худованд ба халқи тоҷик роҳбареро насиб гардонд, ки бо кирдор ҳамалҳои некаш тавонист мардуми парешонро дар атрофаш муттаҳид созад ва дар қалби онҳо шуълаи умедро ҷой диҳад.
Дастовардҳое, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Шуғнон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, дар таърихи мо ҳамто надорад.
Масъалан, таъсис ёфтани маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон, ва ба унвони Олӣ «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидани зодаи ин диёр Шириншо Шоҳтемур, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон руи кор омадааст, муҳаббату садоқати мардуми Шуғнонро нисбати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дучанд афзун намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф афзалият дода, баҳри рушди он ҳамасола маблағ ҷудо менамояд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия баҳри беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия муассисаҳои нави таълими ва инчунин синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Масъалан дар деҳаи Буведи Ҷамоати деҳоти Поршинев, муассисаи нави таълимӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Инчунини дигар дар деҳаҳои Боғев, Раҳмонобод ва Спинзи Ҷамоати деҳоти Сучон муассисаҳои нави таълими бунёд ёфта, дари худро барои толибилмон боз намуданд.
Ҳамчунини дигар дар замони соҳибистиқлоли дар Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки Пешвои миллат «Литсейи касбии техникӣ» ба истифода дода шуд.
Ҷаноби Олӣ ба сиҳатии омма низ диққати хоса дода, дар деҳаҳои Барчид, Возм, Кушк ва Пашори Ҷамоати деҳоти Поршинев бунгоҳҳои нави тибби бунёд ёфтанд.
Ҳамчунин дар деҳаи Навобод ҳам маркази нави саломатӣ ва дар деҳаи Пиши Ҷамоати деҳоти Ванқалъа бунгоҳи нави тибби сохта ба истифода дода шуданд.
Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар водии Ғунд купрукҳои мошингард, пиёдагард сохта ба истифода дода шуданд.
Бо дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ Неругҳои барқи- обии «Помир1» сохта, ба истифода дода шуд, ки сокинони ноҳия тамоми сол ба барқ дастраси пайдо намуданд.
Бо лутфу эҳсони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табии, ки тобистони соли 2015 дар деҳаи Барсеми Ҷамоати Сучон ба вуҷуд омад, 82 хонаҳои нави истиқомати сохта ба истифода дода шуданд.
Ҷаноби Олӣ ба рушди соҳибкорӣ низ аҳамияти дода, бо дастгири Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Шуғнон соҳибкории хурду миёна равнақ ёфта истодааст.
Имруз дар ноҳия қариб 500 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд, ки нисбати солҳои қаблӣ 2 баробар зиёд мебошад.
Ҳадафи чоруми стратегии кишвар яне саноаткунони дар ноҳия то рафт бо сурат равнақу ривоҷ ёфта истодааст.
Ҳамасола дар ноҳия 6-7 корхонаи саноати бо таъсиси даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад.
Дар доираи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёд ва барқарор намудани зиёда аз 160 иншооти дорои аҳамияти ичтимоию иқтисоди ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат ба рушди соҳаи варзиш, ки муаррифгари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад, таваҷуи махсус зоҳир менамояд.
Бо дастгири Ҳукумати мамлакат дар ноҳия даҳҳо толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва истифода дода шуданд.
Мо сокинони ноҳия итминони комил дорем, ки минбаъд низ ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушд карда, ба як ноҳияи пешрафта табдил хоҳад ёфт.
Шохуррамов Машраб – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон


















































































































































































































































































































































































































































































