Нагардад зиндагӣ бе Ваҳдат обод,
Зи Ваҳдат аст дуне тинҷу дилшод.
Биҳишти Ваҳдат аст аз ҳар чӣ хуштар,
Ба кишвар файзи Ваҳдат ҷовидон бод!
Мардуми шарифи тамаддунпарвару тамаддунофари тоҷик дар ин рузҳо дар остонаи ҷашнгирии иди бошукуҳ- рузи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Аммо бояд иброз дошт, ки ба хотири ба ин руз расидан миллати тоҷик пайроҳаи печ дар печеро тай намуду бо додани қурбониҳо ба ин рузи нек расид, ки оламиен ба ақлу шуури тоҷикон боварӣ ҳосил намуда, ба миллат, бахусус ба роҳбари ҷавону раҳнаварди хирадманд- Эмомалӣ Раҳмон аҳсану офаринҳо хонданд.
Имрузҳо мурги хотираи ҳар фарди ватандусти кишвар, беихтиер ба гузаштаи наонкадар дур парвоз хоҳад намуд. Созишномаи истиқрори сулҳ миени тоҷикон, ки 27- июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаети осоишта, оромӣ ва ободии Ватан аз ҷониби ҳамагон шинохта ва эътироф шуда, огози марҳилаи рушду нумуи миллати тоҷик гардида, эҷодгари он Эмомалӣ Раҳмон ба худ номи ҷовидонӣ гирифт. Бояд иброз дошт. Аз он давр то ба ин замон ва ҷовидон ин руз ҳамчун Рузи Ваҳдати миллӣ дар таърихи миллат сабт ва ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати бузург дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Ваҳдат ифодагари беҳтарин орзуву амали халқи тоҷик буд ва тавассути он миллат тавонист дар ниҳоят фурсати кутоҳ барояш зиндагии орому шоистаеро барпо намояду давлат босуръат рушд намояд. Ҳар як фарди тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, кӣ маҳз ваҳдат заминаи муҳими ҳамбастагӣ, дустиву рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои кишварро фароҳам овардааст. Бо ифтихор бояд гуфт, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бемисл шинохта, эътироф ва инчунин эҳтиром намуданд.
Дар ин замони ҳозира маҳз, аз баракати Ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд ҳамаи моро ба зинаҳои баланди тараққиети иҷтимоию сиесӣ ва фарҳангӣ муваффақ намуд. Бад- ин хотир набояд ҳар фарди тоҷик фаромуш созад, ки Пешвои маҳбуби миллат дар Паеми хеш ба Маҷлиси Олӣ оиди Ваҳдати миллӣ чунин ибрози ақида намуданд: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ , бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиесӣ мебошад”. Пас барои мо имруз зарур аст,ки мо бояд ҳамеша дар фикри сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, суботи сиесӣ, якпорчагӣ ва амнияти Ватани азизамон бошем. Ба қадри сулҳ бояд расид, Ватанро бояд дуст дошт, Истиқлолро ҳифзу Ваҳдатро гиромӣ дошт чунки таърихи начандон дур ба мо омухт, сулҳро бояд дид, эҳсос кард ва ҳифз намуд…
Рузи Ваҳдати миллиро ба тамоми ҳамватанон муборак гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша тансиҳату осудахотиру осударузгор бошеду суханони Пешвои миллат, чун суханони роҳнамо ва инчунин чун як дуои хайр бо шумо бошанд: ” Бигузор Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад”.
Ҷумлаи аҳли башарро низ мисли тоҷикон,
Сер дидан ҳам зи обу нон мехоҳад дилам.
Баҳри ҳар як сарзамини вайроневу ҷангзада,
Роҳбари сулҳоваре чун Раҳмон мехоҳад дилам.
Ҷонон Ҳоҷибек Аъзои ҲХДТ, омузгори МТМУ- и рақами 11- и ноҳияи Шугнон.


















































































































































































































































































































































































































































































