Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ШВКД дар ноҳияи Шуғнон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шуғнон прокурори ноҳия Булбулшоҳзода Афранг, сардоророни шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, нозироти андоз, ва дигар масъулин ширкат варзиданд.
Дар рафти Шӯро ҳолати риоя ва иҷрои “Аз қайд пинҳон кардани ҷиноят дар соли 2024 ва 6 моҳи соли 2025” мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Аз тарафи Раиси Шӯро прокурори ноҳия Булбулшоҳзода А.Д назди масъулини соҳаҳои мухталиф вазифаҳои мушаххаси уҳдадоркунанда гузошта шуда, талаб намуд, ки масъулин ҷиҳати иҷрои қонунҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тамоми чораҳоро андешанд.
Сипас, аз ҷониби муфаттиши прокуратураи ноҳияи Шуғнон Ҳотамзод Ҷасур Расул оиди ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои ” Аз қайд пинҳон кардани ҷиноят дар соли 2024 ва 6 моҳи соли 2025 ” маърӯза карда, баҳри пешгирию бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, диққати кормандони ШВКД дар ноҳия ва дигар масъулинро барои пешгирии ҳолатҳои дар боло зикршуда ва содиршавии чунин қонунвайронкуниҳо ҷалб намуданд.
Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия -прокурори ноҳияи Шуғнон Булбулшоҳзода А.Д дар баромади худ қайд намуданд, ки прокуратураи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, дастур ва супоришу фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ВМКБ ба роҳ монда, ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои “Аз қайд пинҳон кардани ҷиноят дар соли 2024 ва 6 моҳи соли 2025 ” беҳтар гардида истодааст.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯро-прокурори ноҳия Булбулшоҳзода А.Д ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт, таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шуғнон ба кори худ анҷом бахшид.






















































































































































































































































































































































































































































































